Машқи кормандони муассисаҳои мубориза бо маводи нашъаовар

Ноябрь 14, 2013 15:23

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар» Лутфия  Эшонқулова).- Аз  11  ноябр дар  коллеҷи  сарҳадии  САҲА  машқи  кормандони  ниҳодҳои  таҳлилии  муассисаҳои  мубориза бо маводи нашъаовар  ва хадамоти  гумруки Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии  Исломии  Покистон, Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҳамчунин  Маркази  тадқиқоти  стратегии Ҷумҳурии  Қирғизистон дар  мавзӯи «Ҳамгироии таҳқиқу  таҳлили  маълумот» идома дорад.
 
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  хабар  доданд, мақсад  аз  ин  машқ  баланд  бардоштани  сатҳи  дониши  кормандони   ниҳодҳои таҳлилии мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ,  пайдо  намудани  малака  барои  роҳандозии  тадқиқоти  стратегӣ  бо  истифода  аз  барномаҳои  муосир  ва такмили  донишҳои таҳлилӣ  мебошад. 
 
Иштирокдорони  машқ  як қатор  малакаҳоеро, ки  дар  ҷараёни  иҷлосия  пайдо  намудаанд,  мавриди  истифода  қарор медиҳанд. Ин   ба  онҳо  имкон  медиҳад, ки  натиҷаҳои машқро  муфассал  таҳлил  намоянд.
 
Ин  чорабинӣ, ки  бо  дастгирии Раёсати  СММ  оид ба  маводи  нашъаовар ва  ҷинояткорӣ ва  САҲА  роҳандозӣ  шудааст,  то  22  ноябр  идома  меёбад. 

Ноябрь 14, 2013 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд