Машварати роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ

Ноябрь 28, 2013 11:18

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки 27 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, натиҷаи фаъолияти низоми бонкӣ тайи 10 моҳи соли 2013 ҷамъбаст ва вазифаҳои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ баррасӣ шуданд.Тавре ки аз маркази матбуоти бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни машварат вазъияти иқтисодию молиявии ҷумҳурӣ, низоми бонкӣ, ташкили пурсиш ва ошкор намудани нуқсонҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва вазъияти бозори асъор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Намояндагони масъули ташкилотҳои қарздиҳанда фикри худро перомуни масоили рӯзномаи ҷаласа баён карда, барои рафъи нуқсонҳои мавҷуда ва беҳдошти фаъолияти бонкҳои алоҳида ва низоми бонкии кишвар пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Ноябрь 28, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш