Муҳокимаи масъалаи таълими забони русӣ

Ноябрь 14, 2013 15:25

 
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Дар  Маркази  илму  фарҳанги  Русия воқеъ  дар  шаҳри  Душанбе  семинари  навбатии  сеюми  сайёр аз рӯи  масоили   таълими  забони русӣ  анҷом  ёфт. 
 
Семинарро Донишкадаи   давлатии  забони русӣ  ба  номи А.С.Пушкин  дар  ҳошияи  Барномаи  мақсадноки  федералии «Забони русӣ»  барои  солҳои  2011 – 2015  барои  муаллимони  русшиноси  миллии  макотиби  ибтидоӣ  ва  асосӣ  доир  намуд.
 
Тавре  ки  аз  Намояндагии  ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҳошияи хатми  семинар  мизи  мудаввар  аз  рӯи  масоили  семинар  баргузор  гардида,  зимни  он  натиҷаи  кори  панҷрӯза  ҷамъбаст  шуд. 
 
Дар  маросими   хатми  семинар  раиси Кумитаи  илм,  таҳсилот,  фарҳанг ва  сиёсати  байни ҷавонони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ  профессор Марҳабо Ҷабборова,  президенти Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон  Ирина  Каримова,  муншии  сеюми Сафорати  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор  Ковалёв,  ҳамчунин  роҳбари  Намояндагии ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон Владислав  Курнушко,  аъзои  ҳайати донишкадаи  давлатии  забони  русӣ  ба  номи  А.С.Пушкин,  омӯзгорони  макотибу   донишкадаҳои  олии  Тоҷикистон  ширкат  доштанд.
 
Баъди  анҷоми  кори  семинар  маросими  ба  иштирокдорони он супурдани  сертификатҳо  баргузор  гардид.

Ноябрь 14, 2013 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш