Муаррифии Сарвазир ва аъзои нави Ҳукумати кишвар

Ноябрь 25, 2013 14:31

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазир ва аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.Дар оғози ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолаи арзандаи таҳсин дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми Сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Суханҳои неку қадрдонӣ, ҳамчунин нисбати Муовини якуми собиқи Сарвазир Матлубхон Давлатов ва Муовини собиқи Сарвазир Руқия Қурбонова баён карда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, Муовини якуми нави Сарвазир Давлаталӣ Саидов, Муовини нави Сарвазир Марҳабо Ҷабборова, Муовини нави Сарвазир Азим Иброҳим, Муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мағфират Хидироваро ба аҳли толор муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.Иттилоъ дода шуд, ки нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави он рӯзи 30-юми ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири ҷамъомад бо истифода аз фурсати муносиб дар назди ҳозирин доир ба анҷоми босифати омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва иншооти мавҷудаи барқу гармидиҳӣ, ба поён расондани кишти тирамоҳӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои дигари давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 25, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд