Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати байниидоравии Русия

Ноябрь 19, 2013 09:39

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 18 ноябри соли 2013 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати байниидоравии Федератсияи Русияро бо роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Игор Лякин-Фролов ба ҳузур пазируфт.
 Зимни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар самти лоиҳаҳои сохторҳои тахассусии СММ, ки бо дастгирии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва башардӯстиро муҳокима намуданд.
 Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар ва ҳамкории қавӣ миёни ду кишвар дар пешбурди ташаббусҳои умумии минтақавӣ дар чаҳорчӯби СММ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 Таъкид гардид, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ояндаи кишварҳо дар асоси усули шарокати стратегӣ ва мутақобилан судманд сурат мегирад.
 

Ноябрь 19, 2013 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ