Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо Игор Лякин-Фролов
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дирӯз бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот доир намуд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, бозомӯзӣ ва тайёр намудани кадрҳо дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Русия баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай муносибатҳои дуҷониба дар ҳама ҷабҳаҳо рушду такомул ёфта, дар сатҳи баланд қарор доранд.
Мавриди тазаккур аст, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Махсусан дар таҳия ва амалисозии асноди барномавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар пешгирӣ, барҳамзанӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳое, ки хусусияти байналмилалӣ доранд ва ба омодагии касбии кадрҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор дошт, ки «Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам робитаи дӯстона ва зич дошта, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳоро фаъолона амалӣ намуда истодаанд ва ин ҳамкориҳо муносибатҳои моро қавитар мегардонанд”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






