Муроҷиатномаи «Иттифоқи дўстии Тоҷикистон-Финляндия»
Муроҷиатномаи«Иттифоқи дўстии Тоҷикистон-Финляндия» ба ҳамватанонҲамватанони азиз,6 ноябри соли 2013 шаҳрвандони Ватани маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоянд. Маҳз тавассути интихобот ҳар як шаҳрванди тоҷик иродаи сиёсии худро ифода карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад.Анҷумани XI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Президенти кунунии мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Номзадии Эмомалӣ Раҳмон 9 октябри соли равон аз ҷониби Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуд.Номзадии Президенти амалкунандаи Тоҷикистон номзадии беҳтарину лоиқтарин ба мансаби Сарвари давлат аст. Маҳз бо кўшишҳои пайгирона мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид. Заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва рушди бемайлони ҷомеа гузошта шуд ва ин боиси фаъолияти босамари як давлати воҳид, рў ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.Дар давоми ҳафт соли ахири сипаришуда – аз соли 2006 то соли 2013 – роҳбарии давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи арсаҳои ҷомеаи тоҷик дигаргуниҳои куллии мусбат ба вуҷуд омаданд. Мо бояд ба ин пешрафтҳои назаррас воқеъбинона ва бо эҳсоси сипос баҳогузорӣ намоем.Барои он ки ин таҳаввулоти созандаю мусбат мунтазам ва пайгирона идома ёбад, бояд номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти кишвар боз ба муддати ҳафт соли дигар якдилона пуштибонӣ намоем.Барои ҳамаи мо, тоҷикони муқими Финляндия ва кишварҳои дигари нимҷазираи Скандинавия, мояи ифтихору сарбаланди аст, ки 6 ноябри соли 2013 бо майли том ва эътимоди комил номзадии Сарвари ҳозираи давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, барои ў овози худро диҳем. Зеро воқеан ҳам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо талошу заҳматҳои худ, фидокорӣ, инсондўстӣ, покдилӣ, ѓамхориҳои бесобиқаю пайваста ба мардуми Тоҷикистон ва иқдомоту ибтикороти созандааш дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба мақому манзалати Президенти мардумӣ лоиқу сазовор аст!Иттифоқи дўстии Финляндия-Тоҷикистонш.Хелсинки,1 ноябри соли 2013








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






