Нақшаи даҳмоҳа иҷро шуд

Ноябрь 27, 2013 09:53

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Кормандони Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 1 октябри соли 2013 2170 корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқониву созмонҳои ҷамъиятиро ҳамчун пардохткунандагони андози иҷтимоии 1 фоиза ба қайд гирифтанд, ки аз онҳо 595-тояш бо сабабҳои гуногун дар айни замон фаъолият надоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи давлатии суғуртаи шаҳри Панҷакент Раҳмон Бобоев хабар дод.Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2013 вобаста ба ҳамаи намудҳои суғурта 1198,7 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид гардидаанд, ки ба 115,6 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Аз маблағи умумии пардохтҳои воридшуда 738,7 ҳазор сомонӣ бо намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 460 ҳазор сомонӣ бо намуди суғуртаи хавф мансуб буда, иҷрои нақшаи даҳмоҳа мутаносибан 107,2 фоиз иҷро гардид.

Ноябрь 27, 2013 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш