Намоишномаи адиби фаронсавӣ дар театри Кӯлоб

Ноябрь 23, 2013 09:12

Кӯлоб, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо коргардонии ҷолиб намоишномаи «Пулдон» аз рӯи асари адиби Фаронса Эжен Лабиш дар таҳия ва тарҷумаи устоди санъати театрии кишвар Малика Ҷӯрабекова рӯи саҳна омад. Хати сабзи ин намоишномаро соддагиву ростқавлии сокинони як музофот ташкил медиҳад, ки аз ҳар моҷарову сиёсат ва кинаву адоват дуранд ва ҳар яке дар ҷустуҷӯи маҳаки хушбахтист. Ба гуфти санъатшинос Малика Ҷӯрабекова рисолати аслии театр ҳамин аст, ки ба мардум воқеан ҳам фараҳу неру бахшад.Дар нахустнамоиши асар, ки мутахассисони соҳаи театр ширкат доштанд, бозии ҳунармандони театрро хеле ҷолиб ва мутобиқ ба давру замон арзёбӣ намуданд. Ороиши саҳна, мусиқӣ ҷараёни онро хеле ҷолиб карда буд. Пас аз намоишнома таҳлили касбии он сурат гирифт ва таъкид рафт, ки бо назардошти коркард, бандубаст ва бартараф намудани камбудихо ин шоҳасари ҷаҳонӣ дар барномаи Театри мусиқию мазҳакавии ба номи С. Вализода мавқеи хосса касб намуда, сертамошобинтарин намоишнома хоҳад шуд.

Ноябрь 23, 2013 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд