Номаҳои шодбошӣ аз Императори Ҷопон, Президенти Конфедератсияи Швейтсария, Президенти Ҷумҳурии Латвия ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия
Императори Ҷопон Акихито ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:“Ба муносибати бори дигар ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Шумо, бароям мояи сарфарозист, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро аз замири қалб ба хотири муваффақиятҳои рӯзафзун ва хушрӯзии Ҷаноби Олӣ, инчунин рифоҳ ва пешрафти мардуми шарифи кишваратон ироа намоям”.Дар барқияи табрикотии Президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Аз номи Шӯрои Федералии Швейтсария, шарафмандам Шуморо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик намоям.Дар ин фурсат мехостам ба Шумо дар ин мақоми олӣ комёбиҳои беназир, саодатмандӣ ва баҳри пешрафту шукуфоии кишвар таманниёти неки худро иброз дорам.Мутмаинам, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ ғояти эҳтироми маро бипазиред”.Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед. Ба Шумо дар татбиқи минбаъдаи мақсаду вазифаҳои муҳим ҷиҳати таҳкиму густариши иқтисод ва суботи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини осоиши мардуми Шумо муваффақиятҳои беназир мехоҳам.Умедворам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамкориҳои мутақобилаи Латвия ва Тоҷикистон ба манзури шукуфоӣ ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳоямон, мусоидат менамояд.Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред”.Дар барқияи шодбошии Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев омадааст:“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,Таҳнияти самими маро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.Натиҷаҳои интихоботи навбатӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ ёфтани роҳи интихобнамудаи Шумо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими ниҳодҳои давлатист.Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Русияву Тоҷикистон зина ба зина рушд менамоянд. Лоиҳаҳои муштараке дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо муваффақият татбиқ гардида истодаанд. Ин ҳама комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Русия ва Тоҷикистон мебошад.Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолият дар мансбаби олии пурмасъулият дастовардҳои навин таманно дорам”.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






