Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ
Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Ҳолланд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Боиси сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти минбаъдаатон бурдбориҳо ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.Изҳори итмином менамоям, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта боз ҳам рушд меёбад. Ифтитоҳи Сафорати Чумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса яке аз нишондиҳандаи гуфтаҳои боло мебошад.Ман боварии комил дорам, ки равобити иқтисодии мо ба манфиати тарафайн боз ҳам инкишоф хоҳад ёфт.Мутмаин ҳастам, ки пас аз баромади қӯшунҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, Фаронса саъю кӯшиши худро барои суботи ва рушди иқтисодиёти ин кишвар ба харҷ хоҳад дод.Ҷаноби Олӣ ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояи эҳтиром ғанимат мешуморам”.Дар барқияи табрикотии Президенти Молдова Николае Тимофти омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Бо хушнудии хоса табрикоти гарму самимии худро ба муносибати аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон баён медорам.Бо истифода аз фурсат, ибрози итминон менамоям, ки Шумо дар оянда низ ҷиҳати рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон, тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои дӯстонаи миёни Молдова ва Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои ба манфиати кишвар ва халқҳоямон саҳм хоҳед гузошт.Ба Шумо сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои навин таманно намуда, хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ эҳтироми самимии маро қабул фармоед”.Дар барқияи табрикотии Раиси Президиуми Маҷлиси Олии Халқии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея Ким Ен Нам омадааст:“Шуморо аз сами қалб бо муҷаддадан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик мекунам.Мутмаинам, ки муносибати дӯстона ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда вусъат меёбанд ва мутобиқ ба хости халқҳои ҳарду кишвар рушд мекунанд.Бо истифода аз фурсат ба Шумо муваффақиятҳои беназир дар корҳои масъулиятнок ҷиҳати расидан ба устувории сиёсиву иҷтимоӣ ва навсозии иқтисодӣ таманно дорам”.Дар барқияи табрикотии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди хайриявии исломии байналмилалӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони муттаҳид дар корҳои башарият доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Эмомалӣ РаҳмонХудованд ҳифзатон кунад,Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонАссалому алайкум ва раматуллоҳи ва баракатуҳуБоиси хурсандии мо аст, ки Шуморо Ҷаноби Олӣ ба муносибати муҷададан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику таҳният менамоям.Ба Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманиётро иброз намуда, таъкид менамоем, ки дар он давре, ки Шумо будет ва ҳастед алоқаҳои дуҷониба байни ду ҳукумати кишвари дӯст, зери ҳидояти Шумо ва бародаратон Амири Давлати Кувайт Аълоҳазрат Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ Худованд ҳифзаш кунад, дар ҳоли рушду равнақ қарор дорад.Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, хушбахтӣ ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон бурдбориҳо хоҳонам.Ҷаноби Олӣ ба камоли эҳтиром табрикоти маро қабул намоед”.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






