Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ
Сарвазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Аз номи Ҳукумати Гертсогии Бузурги Люксембург ва шахсан худам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо таманниёти беҳтарини хешро ҷиҳати комёбӣ дар идомаи фаъолиятатон иброз медорам. Умедворам, ки муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоямон ва мардумони Тоҷикистону Люксембург боз ҳам тавсеа меёбанд.Хоҳишмапдам таҷдиди ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан омадааст:“Муҳтарам ҷаноби Президент,Иҷозат диҳед таманниёти самимии хешро ба муносибати дубора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон изҳор дорам.Хушнудам, ки муносиботи байни кишварҳоямон бомуваффақият ва дӯстона давом карда, дар ҳама соҳаҳо муваффақона рушд мекунанд. Мутмаинам, ки кӯшишҳои якҷояамон ҳифзи ин раванди мусбатро дар оянда низ таъмин мекунанд.Мехоҳам ба Шумо ҷаноби Президент солимии бардавом, ҳамчунин дар ҷодаи фаъолият ва ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои калон таманно намоям.Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳуссайн омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Аз номи мардуми Покистон, Ҳукумати Покистон ва шахсан аз номи худам мехоҳам сидқан шуморо ба муносибати ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику таҳният гӯям. Бори дигар ба ҳайси Президент интихоб шудани Шумо далели саъю кушишҳо ва боварии мардум ба роҳнамоии Шумо мебошад.Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои олии дӯстона доранд ва ин муносибатҳо байни ду кишвари бародар ҳамеша самимӣ буданд. Ман боварии комил дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо ва саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзумандам.Ман ин фурсатро ҷихати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ғанимат медонам”.Дар барқияи шодбошии Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорҷ омадааст:«Муҳтарам ҷаноби Президент,Шуморо ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан табрик мегӯям.Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Муғулистону Тоҷикистон минбаъд бо назардошти манофеи халқҳоямон рушду таҳким хоҳанд ёфт.Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Президент сиҳатии комил, тамоми хушиҳо ва ба халқи тоҷик пешрафту шукуфоиоро таманно дорам»Ҷеймс Аппатурай, Намояндаи махсуси Намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар номаи шодбошии худ мегӯяд:“Муҳтарам Президент,Иҷозат фармоед аз фурсати муносиб истифода бурда аз номи Котиби генералӣ Шуморо бинобар аз нав интихоб шуданатон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.Интизорам, ки бо Шумо дар рушди муколама ва ҳамкорӣ байни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Тоҷикистон фаъолиятро идома диҳам. Боварӣ дорам, ки мо метавонем муносибати Тоҷикистонро бо Алянс тавассути дастгирии талошҳои ислоҳот бо Барномаи шарикии инфиродй ва ҳамкорӣ таҳким намоем.Иҷозат фармоед дар вазифаи ишғолнамудаатон муваффақият орзу намоям ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ мунтазири истиқболи Шумо дар ш. Брюссел аст”.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






