Нома ба Президент
Ба Ҷаноби Олӣ Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
аз ҷониби толибаи синфи 10 мактаби миёнаи №15 — и шаҳри Душанбе Мастура Ғуломова
Ҷаноби азизу муҳтарам Президент!
Банда, толибаи мактаби миёнаи № 15 — и шаҳри Душанбе Мастура Ғуломова, бори дигар ба Шумо нома равон мекунам. Ин сатрҳоро менависаму акнун аниқ медонам, ки онҳо ҳатман ба Шумо мерасанд. Зеро Шумо сарфи назар аз масруфияти зиёдатон барои хондани мактубҳое, ки сокинони кишвар унвонии Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, ирсол медоранд, фурсат пайдо мекунед. Ман номаи пештараамро, ки дар сомонаи Шумо дарҷ шуда буд, дида ва ба ин бовар кардам.
Ғалабаи барҷастаи Шуморо дар интихоботи президентии соли 2013 табрик мегӯям! Мо 7 ноябр, баъди эълон шудани натиҷаи овоздиҳӣ, ки онро дар мактаб шунидем (соати 10 ҳамаи хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон намоиши мустақими Комиссияи марказии интихобот тавассути шабакаҳои телевизионро интизор буданд), хонандагон ва муаллимон якдигарро бо ин ид муборакбод мекарданд, мо ба волидайну дӯстонамон занг мезадем, аз пирӯзии Президентамон, яъне аз сиёсати Шумо дар бахши ислоҳот дар Тоҷикистон, дар ҷумҳурие, ки дар он анъаноти миллиро аз қадимулайём эҳтиром дошта, урфу одатҳои неки мардуми Шарқро эътиром медоранд, якҷоя шодмонӣ мекардем. Ин урфу одатҳо, ки дар Сарқонун ҳуқуқу озодиҳои духтарону занонро барои худашон муайян кардани тақдирашон, интихоб намудани касбу ихтисос, донишкадаи олӣ ё омӯзишгоҳ барои таҳсили минбаъда зикр ёфтаанд, имтиёзҳо медиҳанд. Намедонам, ки магар дар кишварҳои дигар қонуну барномаҳои ҳукуматӣ барои мусоидат ба рушди иҷтимоии духтарону занон қабул шуда бошанд, вале аз он ифтихор мекунам, ки дар кишвари дунявию демократие зиндагӣ дорам, ки дар он бо дастурҳои Шумо, Ҷаноби Президент, ва барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқу имкониятҳои мо ба баробарии гендерӣ зикр ёфтаанд. Имрӯз бисёр ҳамсолони мо аз деҳоти дурдасти кӯҳистон мувофиқи барномаи, квотаи Президент дар донишкадаҳои олии мӯтабари пойтахт таҳсил мекунанд ва бисёрашон аллакай таҳсилоти олӣ гирифта, ба ноҳияҳои худ баргаштаанд ва ба нафъи мардуми деҳоташон кор мекунанд.
Мӯҳтарам Президент! Он таваҷҷӯҳи бузурге, ки Шумо ба мақоми Зан — Модар дар ҷомеаи Тоҷикистон зоҳир менамоед, албатта, ҳар шаҳрванди солимфикру ватанпарвари Тоҷикистонро ба ваҷд наоварда наметавонад. Ва агар Шумо ба таърихи кишвар чун сулҳпарвару бунёдкори бузурге, ки бо меҳнати ҳалол, саъю кӯшиш ва меҳру муҳаббати бузург нисбат ба халқ аз вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистони соҳибихтиёрро бунёд карда бошед, дар марҳалаи имрӯза, Президенти мӯҳтарам, моро бо муносибатҳои навину ғайричашмдошт дар кор ба ҳайрат меоред. Шумо на фақат нерӯгоҳҳои калону хурди барқӣ, заводу фабрикаҳо, мактабҳои навтарин, кӯдакистонҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунед. Маҳз Шумо чунин барномаҳоеро тарҳрезию роҳандозӣ мекунед, ки ҳашамати онҳо мо, ҷавонони Тоҷикистонро, ба ваҷд меоранд. Зеро мо пурра дарк мекунем, ки мақсад аз Қонуни ҶТ дар бораи танзими расму оин ва Қонун дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон тағйир додани қолабҳои кӯҳнашудаи тафаккур дар ҷомеаи мо мебошад, ки онҳо менталитетро ихтиёран танзим намуда ва, аз ин рӯ, барои ғанӣ гардидани малакаҳои маънавии насли навраси Тоҷикистон равона шудаанд. Ташаккур ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, барои таваҷҷӯҳу ғамхориатон, барои қалби бузургатон, ки саршори меҳру муҳаббат нисбат ба хар кадоми мост. Мо миллионҳоем, Шумо якто. Ман аксаран фикр мекунам, ки як шахс чӣ тавр ин қадар ғояҳои навоварона, ғайрати хастанашаванда, инсондӯстию инсонпарвариро дар худ ҷо карда метавонистааст.
Ҷаноби Президент! Аз ВАО ҷараёни маъракаи интихоботи Президентро мушоҳида намуда, чун ҳамсолони 15 — солаам афсус мехӯрдам, ки бинобар ноболиғ буданам дар он фаъолона иштирок карда наметавонам. Вале мо, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои Душанбе, якҷоя бо бачагони ҳамаи Тоҷикистон Шуморо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, дар ин интихобот аз таҳти дил дастгирӣ мекардем. Чорабиниҳои сершумор ва шодию сурури шаҳрвандони ҷавони кишвар, ки баҳри дастгирии Шумо дар тамоми ҷумҳурӣ сурат гирифтанд, аз муттаҳидии ҷавонони Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Созмондиҳандагони эстрадаи зебою гуворо бо иштироки ситораҳои ҷавон ва чорабиниҳои дигар дар шаҳри Душанбе ба мо ҳам, хонандагони синфҳои болоӣ, иҷозат доданд, ки дар онҳо ба ҳайси меҳмонон иштирок намоем.
Руҳи ягонагӣ, муттаҳидӣ, боварӣ ба Президенти худ, шахси доною ҷасур, қавию устувор, инсонпарвару ғамхор, ки халқи кишварро дӯст медораду маҳбуби ҳамаи мардуми кишвар гардидааст, ба мо, ҷавонони Тоҷикистон боварӣ ва ҳисси устуворият мебахшад. Хоҳиши мо аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, яктост — саломат бошед. Такрор ҳам шавад, бубахшед — саломатии Шумо гарави беҳбудии мо, беҳбудии миллионҳо нафарест, ки тайёранд бо роҳбарии Шумо баҳри дастовардҳои нав ба нафъи Ватанамон хидмат кунанд.
Шуморо, Президенти азиз бо Ғалабаи барҷаста бори дигар табрик мегӯям!
Бо эҳтироми бепоён, толибаи мактаби миёнаи №15 шаҳри Душанбе Мастура Ғуломова.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






