Озмун давом дорад

Ноябрь 14, 2013 15:24

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагии  Хазинаи  рушди  «Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  АвруОсиё»  дар  Тоҷикистон  аз  оғози  соли  таҳсил  дар  бораи  гузаронидани  озмунҳои  донишҷӯён  ба  номи  Дмитрий  Менделеев  ва   ба  номи  Михаил  Ломоносови  донишкадаҳои олии  асосии  кишвар  хабар  дод.
 
Тавре  ки  аз  хазинаи  мазкур   хабар  доданд,   барои   иштирок   дар  озмун  довталабон  бояд  забони русиро  хуб  донанд,  дар  ҳаёти  ҷамъиятии   донишкадаи  олӣ  фаъолона  иштирок  намоянд,  ба  тадқиқоти  илмӣ  машғул  шаванд  ва  ғолиби  ягон озмун  ё  олимпиада  бошанд.
 
Имсол   озмунҳо  дар  байни  донишҷӯёни  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон  ба  номи  С.Айнӣ, Донишкадаи   давлатии забонҳои  Тоҷикистон  ба  номи  С. Улуғзода  эълон  шуда буданд. Дар  озмунҳо  ҳамчунин  донишҷӯёни  Донишгоҳи  давлатии  тиббии Тоҷикистон ба  номи  Абуалӣ  ибни  Сино,  Донишгоҳи  техникии  Тоҷикистон  ба  номи  М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба  номи  Б.Ғафуров,  Донишкадаи  политехникии  Хуҷанд ба  номи  М.Осимӣ  ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба  номи  М. Назаршоев   иштирок  менамоянд. 
 
То имрӯз  10  нафар  донишҷӯёни беҳтарини  ҷумҳурӣ  ғолибони  озмунҳо  ғардидаанд. Ғолибони  озмунҳо  дар тамоми  давраи  таҳсилот  ҳар  моҳ  чун  мукофот  ҳар  кадом  сад  долларӣ мегиранд.
 
Ҳукумати  кишвар тасмим  гирифта буд, ки  аз  моҳи  сентябри  соли  2012  байни  донишҷӯён   озмун  эълон  намуда  ва  ба  онҳо  имкон  диҳад, ки донишу  малакаҳои  худро  афзун  намоянд. То  имрӯз  20  нафар  донишҷӯёни  донишкадаҳои олии  кишвар ҷоизони  озмунҳои  ба  номи  Михаил  Ломоносов   ва  Дмитрий  Менделеев  гардидаанд.

Ноябрь 14, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд