Парлумон ба қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид менамояд

Ноябрь 18, 2013 11:34

Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 18 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ноябрь 18, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш