Парлумон ду санади байниҳукуматиро ба тасвиб мерасонад

Ноябрь 13, 2013 10:03

 
        Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ки дар он «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013» матраҳ мегардад.
Интизор меравад, ки ҳамзамон дар иҷлосия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, инчунин Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад баррасӣ ва тасдиқ хоҳанд шуд. Вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»-ро муҳокима намуда, доир ба он қарори марбута қабул хоҳанд кард.9.17. 
 
 

Ноябрь 13, 2013 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш