Парлумон дурнамои сиёсати пулию қарзии кишварро баррасӣ кард

Ноябрь 11, 2013 14:55

Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 -ум 11 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.  Сафаралӣ Раҷабов- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ки санади мазкурро дар ҷаласа муаррифӣ мекард, гуфт, ки «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» самтҳои муҳимтарини сиёсати пулию қарзиро барои соли 2014 бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар бар гирифта, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба палатаи поёнии Парлумон пешниҳод гардидааст.  Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»,«Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро баррасӣ намуданд.

Ноябрь 11, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш