Парлумон Созишномаи қарзиро ба тасвиб мерасонад

Ноябрь 25, 2013 11:50

Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андоз ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 25 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.Аъзои Шӯро дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», „Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“, «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро баррасӣ намуданд. Дар фарҷом қисме аз масъалаҳои муҳокимашуда ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Ноябрь 25, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд