Раъно Бобоҷонова — муовини нави раиси вилояти Суғд
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — 23 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки васеи фаъолони вилоят маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид.Чуноне маълум аст, мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод гардидааст ва Абдураҳмон Қодирӣ ба вазифаи иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъйин шудааст.Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов ба самъи ҳозирин расонид. Дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки Мавҷуда Бобоева, муовини раиси вилояти Суғд бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Раъно Бобоҷонова муовини раиси вилояти Суғд таъйин гардидааст.Сарвазири тозаинтихоби кишвар Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҳузури фаъолони вилоят барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судмандашон дар давоми 7 соли охир ба ҳозирин ва аз ҷумла, ба мардуми вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ кард.«Итминони комил дорам, сокинони меҳнатдӯсти вилоят минбаъд низ ливои пешқадамиро баланд нигаҳ медоранд ва бо ирода ва номуси ватандории раҳнамояндаи хеш дар идомаи роҳи худ боз ҳам сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯи бузург татбиқ намуда, дар шукуфоии ҳамешагии вилояти овозадори Суғд ҳамчун ҷузъи хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз пайваста саҳмгузорӣ хоҳанд намуд”, — изҳор дошт Қоҳир Расулзода.Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханрониаш гуфт, ки талош меварзад то ба боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи вилоят сазовор бошад.Маврид ба зикр аст, ки Абдураҳмон Қодирӣ 25-уми июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст.Соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар вазифаҳои директори генералии Агрокомбинати «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷонишини сардори раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Суғд, муовин ва муовини якуми раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Зафаробод, вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. То ҳол ба ҳайси муовини аввали раиси вилояти Хатлон иҷрои вазифа мекард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






