Сӯхтор аз беэътиноӣ

Ноябрь 27, 2013 09:54

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Таҳлили санҷишҳо муайян намуд, ки дар қаламрави шаҳру деҳоти Панҷакент то 20 ноябри соли ҷорӣ 19 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳандиси калони Назорати давлатии бехатарии сӯхторҳо оид ба муҳофизати шаҳри Панҷакент Фирдавс Шафиев. Аз ин ҳодисаҳо ба корхонаҳою иншоотҳои давлатӣ, хоҷагиҳо, инчунин ба моликияти шахсии шаҳрвандон бештар аз 61450 сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 шумораи сӯхторҳо ба 18 адад расида, маблағи талафот 24780 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, хушбахтона дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар ҳалок нагардидааст. Дар натиҷаи сари вақт хомӯш намудани сӯхторҳо ба маблағи 1267000 сомонӣ молу амволи корхонаҳо, иншоотҳои давлатӣ, хоҷагиҳо ва моликияти шахсии шаҳрвандон аз нобудшавӣ эмин дошта шудааст.Аз ҳисоби умумии ходисаҳои сӯхтор 18 адади он дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва 1 ҳодиса дар нақлиёт рух додааст.

Ноябрь 27, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш