«Саройкамар» — и ғолиби мусобиқот

Ноябрь 26, 2013 12:02

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи «Саройкамар» — и ноҳияи Панҷ ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якуми мавсими соли 2013 гардид. Футболбозони дастаи «Саройкамар» дар вохӯрии ниҳоӣ бо ҳисоби се бар як бар дастаи «Эсхата» — и шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Далерони Ӯротеппа» — и Истаравшан гардиданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 26, 2013 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш