Ш. Шоҳиён: «Интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад»

Ноябрь 6, 2013 14:24

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 6 ноябр, пас аз зуҳр бо иштироки хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотии роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълони натиҷаҳои пешакии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки то соати 14:00 рӯзи 6 ноябр мутобиқи маълумоти ирсолнамудаи ҳавзаҳои интихоботӣ 2 миллиону 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи худ додаанд. Ин шумора 68 фоизи умумии интихобкунандагонро ташкил дода, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот баргузоршуда дониста мешавад. 

Ноябрь 6, 2013 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш