Суди конститутсионӣ имсол 20 мурофиаи судӣ гузаронид
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ ).- Ҳамасола ба Суди конститутсионии кишвар то 500 арзу шикоят ворид мегардад. Суд дархостҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ба салоҳияташ дахл дорад.Карим Каримов, судяи суди конситутсионии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки соли равон 3 қонунро бинобар мухолифат доштан ба Сарқонун бекор кардаанд. Ба иттилои ў ҳамасола Суди конститутсионии кишвар то 20 мурофиаи судӣ гузаронида, қарору таъйиноти худро мебарорад. Ба қавли Карим Каримов, қисми 2-и моддаи 363-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ соли равон аз ҷониби ин суд бекор гардид. Тибқи ин қисмати модда аз болои таъйиноте, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб ё тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул гардидааст, шикоят кардани шаҳрванд мумкин набуд. Бо ин далел, Суди конститутсионӣ ин қисми моддаро ғайриконститутсионӣ ҳисобидааст. Вақте ки суд дар мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванд чораи судиро тағйир медиҳад, то ин вақт судшаванда ҳуқуқи шикоят карданро надошт,-гуфт судяи суди конститутсионӣ. Баъд аз бекор гардидани ин модда шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки агар суд чораи татбиқи ҷазоро тағйир диҳад, шикоят пеш оваранд.Ҳамчунин қисми 5-и моддаи 124-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ низ ба сарқонун мухолифат мекардааст ва тибқи ин модда шаҳрвандон ҳуқуқ надошт, ки аз болои қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо муроҷиат намояд. Аз болои қарори суд дигар шикоят кардан мукин набуд. Вале ин қисм бекор карда шуд ва дигар аз болои қарори суди шаҳру ноҳия шикоят карда мешавад,-хабар дод Карим Каримов.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






