ТҶММ ҶТ 22 сола мешавад

Ноябрь 11, 2013 11:43

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — Рӯзи 15 ноябри соли 2013 ба таъсиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи (КМТҶММ) ҶТ 22 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз кормандони фаъол бо туҳфа ва мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд. ТҶММ вориси ДОСААФ буда, 15 ноябри соли 1991 дар анҷумани I-уми даврони истиқлолият номи имрӯзаашро гирифтааст. Тавре ки котиби матбуотии ТҶММ Абдурақиб Қодиров хабар дод, дар чорабинии тантанавӣ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Ноябрь 11, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш