Таҷлили Рўзи Сарқонун дар Хадамоти муҳоҷирати ҶТ

Ноябрь 4, 2013 10:42

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова)-Имрўз, 4 ноябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи Сарқонуни ҶТ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини аввали сардори хадамот, муовинони сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва мутахассисон иштирок доштанд.Дар ҷамъомад муовини аввали сардори хадамот Анвар Бобоев ҳозиринро бо Рўзи Сарқонуни ҶТ табрик намуда гуфт, ки имсол 6 ноябр барои тамоми тоҷикон рўзи хотирмон хоҳад гашт, зеро дар ин рўз инчунин интихоботии президентӣ баргузор мегардад.Дар маҷлис сармуҳаррири рўзномаи «Муҳоҷир» Лайлӣ Аҳмадова мухтасар дар бораи таърихи Сарқонуни ҶТ, зарурат ва моҳияти он сухан намуд.

Ноябрь 4, 2013 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш