Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Ноябрь 20, 2013 16:47

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони нави Вазорати мудофиа, Гвардияи Миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, роҳбарони аввали Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз нав ба вазифаҳои худ таъин намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, роҳбари нави ин вазоратро ба ҳайати шахсии он муаррифӣ намуд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз вазифаи Вазири мудофиаи кишвар озод карда шуд.Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сардори Саридораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи ин қӯшунҳо генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аз вазифа озод карда шуда, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.Шералӣ Хайруллоев иброз дошт, ки минбаъд ҳам чун солҳои гузашта ба халқу Ватан ва Сарвари давлат содиқона ва софдилона хизмат хоҳад кард.Шералӣ Мирзо дар навбати худ савганди садоқати худро бори дигар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои таъмини омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлати Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳад кард.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Хайруллоев барои хизматҳои шоёни бисёрсола, ки бо садоқату матонати ибратбахш анҷом додааст, арзи сипосу қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки шогирди арзандаи ӯ Шералӣ Мирзо анъанаҳои ибратбахши роҳбарии ин вазоратро натанҳо пос медорад, балки ривоҷу равнақ бахшида, сайқал медиҳад.Аз Вазорати мудофиа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.Рамазон Раҳимов барои боварию эътимод ва аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карда, таъкид дошт, ки барои сазовор будан ба боварии Сарвари давлат ва пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳамзамон ба муомилаи шоиста бо мардум ҳидоят намуд.Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф овард.Саймумин Ятимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин карда шуд.Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов барои боварию эътимод ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории пайваста ба мақомоти амнияти миллии кишвар изҳори қадрдонӣ намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи касбии худро ба ҳифзи музаффариятҳои давлати ҷавони Тоҷикистон ва ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар равона месозад.Ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳамчунин Муовини аввали раиси ин кумита, Сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи ин қӯшунҳо Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ карда шуд.Зимни боздид аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии ин сохтори бонуфузи низомӣ фармондеҳи нави он полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода муаррифӣ карда шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, Бобоҷон Ҷамолзода дастпарвари Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои таҳсилоти олӣ ва академии ҳарбӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни ин сохторҳо содиқона хизмат кардааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Фармондеҳи собиқи Гвардияи миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои хизматҳои шоён дар ин сохтори низомӣ арзи қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар таҳкими қудрату тавоноии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ саҳми арзанда мегузорад.Ба фармондеҳи нави Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва ҳамаи ҳайати шахсии ин сохтори қудратӣ барору комёбӣ таманно карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
_____________________
 
ШЕРАЛӢ МИРЗО -Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
ШЕРАЛӢ Мирзо соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Омўзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳии муҳандисӣ- ракетии ба номи маршал В.И. Чуйков, соли 2004 Академияи умумиқўшунии Қўшунҳои Мусаллаҳи Федератсия Россияро бо медали тилло хатм кардааст.  Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 аз мансаби ёрдамчии сардори техникӣ-истифодабарӣ оиди кор бо ҳайати шахсии қисми низомии шаҳри Перми Федератсияи Россия оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои афсари калони шўъбаи тайёрии умумиқушунии Раёсати омодагии ҷангӣ, командири баталёни 7-уми алоҳидаи тирандозӣ, командири бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири бригадаи якуми тирандозии қўшунҳои хушкигард, сардори Ситод – муовини якуми Фармондеҳи қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2005-2006 муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Фармондеҳи Қўшунҳои хушкигард ва аз моҳи декабри соли 2006 дар мансаби муовини аввали Раис – сардори Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Рутбаи ҳарбии генерал лейтенант дошта, бо орденҳои «Шараф», «Спитамен», «Зарринтоҷ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.——
РАҲИМОВ РАМАЗОН ҲАМРОЕВИЧ- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонРАҲИМОВ Рамазон Ҳамроевич 25 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии ВКД Иттифоқи Шуравӣ дар шаҳри Тошкент ва соли 2004 Академияи идоракунии ВКД Россияро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати инспектори ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мўъминобод оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дар сохторҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии собиқ вилояти Кўлоб, дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2001-2005 ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ кор кардааст.. Солҳои 2005-2009 дар мансабҳои муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2012 дар вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Рутбаи генерал-лейтенанти милитсия дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи I, Зарринтоҷ дараҷаи II, «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
——-
ЯТИМОВ САЙМУМИН САТТОРОВИЧ — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ
 
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омўзгории Кўлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ. Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурўъ кардааст. Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Европоӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноябри 20 соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.———-
РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон РАҶАБАЛӣ Раҳмоналӣ 7 октябри соли 1967 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Омўзишгоҳи олии ҳарбию сиёсии сохтмонии Таллин ва соли 2004 Академияи умумиқушунии Қўшунҳои Мусаллаҳи Федератсия Россия ба номи М.В.Фрунзеро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати муовини командири рота оид ба корҳои ҳарбию сиёсӣ, ёрдамчии командири ротаи сохтмонӣ бо ҳайати шахсии Раёсати корҳои муҳандисии Сарраёсати сохтмонии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои командири отряд, баталён ва бригадаи алоҳидаи 7-уми десантии ҳамлаовари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Аз соли 2004 дар мансаби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои «Спитамен», «Шараф», «Зарринтоҷ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
———-
ҶАМОЛЗОДА БОБОҶОН — Фармондеҳи Гвардияи миллии ҶТҶАМОЛЗОДА Бобоҷон 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2002 Академияи умумиқўшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 дар вазифаи Командири взводи таълимии танкии Бригадаи 4-уми мототирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои командири взвод, командири рота, командири баталёни десантӣ-ҳамлаовари кўҳии Бригадаи 7-и алоҳидаи десантӣ-ҳамлаовари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Аз соли 2004 аввал ба сифати сардори Шуъбаи тайёрии ҷангии Раёсати Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас командири қисмҳои ҷудогонаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Дорои рутбаи ҳарбии полковник буда, бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шудааст.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  

Ноябрь 20, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд