Тасдиқи рӯйхати ҷашнвораҳои Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО рӯйхати ҷашнвораҳо ва зодрӯзи шахсони маъруфе, ки аз ҷониби созмони ЮНЕСКО солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, тасдиқ гардид. Дар рӯйхати мазкур 4 номгӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст.—700- солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккир ва файласуфи шарқ (номинатсияи якҷоя бо Эрон);—600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, файласуф;—3000- солагии Ҳисор;—100- солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсоз.Бояд зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои номгӯйи мазкур аз ҷониби шуъбаи Комиссияи миллӣ ба созмони ЮНЕСКО соли 2011 пешниҳод шуда буданд ва хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Дабири кулл тасдиқ гардиданд, ки ин нишонаи дастгирии сиёсати фарҳангии кишвари мо мебошад.Дар ин бора котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова хабар дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






