Таъсиси клиникаҳои байторӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар раёсати назорати байтории минтақаи Кӯлоб 400 нафар байторон кор мекунанд, ки 200 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Дар давоми солҳои охир раёсати байтории минтақаи Кӯлоб бо мақсади ба байторон ва аҳолӣ дастрас намудани маводи доруворӣ барои ҳайвони калони шохдор ва моли майда клиникаҳои ветеринариро фаъол гардониданд ва дар ин клиникаҳо ҳамаи намуди доруворӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон имкон доранд онҳоро бо нархҳои арзон харидорӣ намоянд. Раёсати мазкур дар ҳамаи бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа озмоишгоҳҳои хешро фаъол гардонидааст, ки сифати маҳсулоти хӯрокаи ба бозор ворид гардидаро аз ташхис гузаронанд. Мутаассифона, дар сохаи байторӣ мушкилоти асосӣ нарасидани мутахассисони ҷавон ба шумор меравад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






