Тоҷикистон мубориза зидди гуруҳҳои муташаккилро тақвият мебахшад

Ноябрь 7, 2013 14:55

Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар оянда Ҳукумати  Тоҷикистон  муборизаро алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор  пурзӯр намояд. Дар ин росто имрӯз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон   лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро баррасӣ ва қабул кард. 
          Абдуманнон Холиқов -муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумони кишвар муаррифӣ мекард, гуфт, ки таҳияи ин лоиҳаи қонун аз силсилаи чорабиниҳои кишвари мо дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба мубориза  бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ бармеояд, ба шумор меравад. Лоиҳаи қонун аз 3 боб ва 17 модда иборат буда, дар он вазифаҳо, принсипҳо,  самтҳои  асосӣ ва  чораҳои мубориза  бар зидди  ҷинояткории муташаккилона нишон дода шудааст.  Дар лоиҳаи қонун  роҳ  надодан ба  воридшавии ҷинояткории муташаккилона  ба мақомоти давлатӣ дар баробари  дигар вазифаҳо ҳамчун вазифаи  асосии мубориза алайҳи  ҷинояткории муташаккилона пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон лоиҳаи қонун 10 самти асосии  мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро муайян кардааст.  Инҳо  огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани гуруҳи  муташаккили ҷиноятӣ, ки бо фаъолияти террористӣ, экстремистӣ, савдои одамон, муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон,  лавозимоти ҷангии он,  воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда машғуланд,  маҳсуб меёбанд. Ниҳодҳои марбутае, ки бевосита бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона мубориза мебаранд, мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук мебошанд. 
            Ҳамзамон дар лоиҳаи қонун таъсиси воҳидҳои махсуси мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ  дар мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин лоиҳаи қонун ҳамоҳансозии субъектҳои муборизабаранда ва иштирокунанда, раванди ҳамкории ин ниҳодҳоро дар самти  мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва роҳҳои ҳамкориро байни ниҳодҳо ва давлатҳои хориҷӣ ба  танзим медарорад. Бояд тазаккур дод, ки нақши ҳамоҳангсозии субъектҳои муборизабаранда ва иштироккунанда дар лоиҳаи қонуни мазкур  ба Прокурори генералии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он вогузор шудааст. 

Ноябрь 7, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ