Вохӯриҳои зидди нашъамандӣ дар вилояти Хатлон

Ноябрь 7, 2013 09:29

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Маркази мубориза алайҳи ВИЧ/ СПИД-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занону духтарони ноҳияҳои Қумсангир, Бохтар ва шаҳри Қӯрғонтеппа силсилаи вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ»-ро баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳонидани мардум дар бораи зарарҳои  истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, оқибатҳои тиббии нашъамандӣ-сироят ба инфексияҳои ВНМО/БПНМ аст.
Дар вохӯриҳои мазкур, ки дар шакли интерактивӣ баргузор гардиданд, ҳамзамон мудирон ва мутахассисони пешбари шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи назди ҳукуматҳои ноҳияҳои Н.Хисрав, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Фархор, Шӯрообод, Қӯрғонтеппа, Ҷ.Румӣ, Қумсангир, Вахш, Хуросон, Сарбанд, Восеъ, Муъминобод, шаҳри Кӯлоб, Бохтар, Панҷ, Ҳамадонӣ, Ёвон, Темурмалик, Ховалинг, Қубодиён, Ҷомӣ, Балҷувон ва Норак ширкат варзиданд. Дар  семинар ба иштирокчиён дар бораи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо маводи нашъаовар, тарғиби ҳаёти солим, инчунин оид ба хатари маводи нашъаовар ба инсон ва пеш аз ҳама ба наврасон ва ҷавонон, пешгирӣ аз бемории ВНМО/БПНМ, муносибат бо беморони нашъаманд маълумот пешниҳод намуданд.
 
 
 

Ноябрь 7, 2013 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд