З. Зубайдов: «Муаррифии Тоҷикистон-манфиати нуфузи он ва рушди иқтисоди миллист»

Ноябрь 6, 2013 18:48

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 6 ноябри соли 2013 аз соати 6-и субҳ дар тамоми участкаҳои интихоботӣ маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кард. Аз ҷумла, дар Давлати Қувайт 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки онҷо кору зиндагӣ мекунанд, фаъолона дар маъракаи овоздиҳӣ иштирок намуда, райъи хешро ба номзади арзанда доданд. 
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов дар суҳбати телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 6 ноябр дар доираи баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорат чорабиние бо иштироки беш 40 нафар хабарнигорон ва тоҷирони қувайтӣ барпо мегардад, ки дар он доир ба Тоҷикистон маълумот ироа гардид. Дипломати тоҷик З. Зубайдов дар чорабинӣ махсус таъкид намудааст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориро бо тамоми кишварҳои дӯст пеша кардааст. Дар ин росто, таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики араб яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ин амр ба тариқи ҳуқуқӣ расмӣ гардонида шудааст. Далели равшани ин сиёсатро мо дар он мебинем, ки сарвари Тоҷикистон 2 маротиба ба Давлати Кувайт сафар намуд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон ҳамагӣ чанд моҳ қабл сурат гирифта буд ва он бешубҳа рӯйдоди таърихӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи мову Шумо маҳсуб меёбад. Ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Ал Кувайт низ аз кӯшиши ҷониби мо барои боз ҳам вусъат ёфтани ҳамкориҳоямон мебошад.
З. Зубайдов афзуд, ки алҳол мо кӯшиш ба он дорем, ки дар ояндаи наздик сафари Амири Давлати Кувайт ба Тоҷикистон доир гардад, то ки муносибатҳои ду давлат ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад, зеро ба ақидаи мо, ҳамкориҳои дуҷониба дорои иқтидори бузург мебошанд ва ба нафъи ҳар ду тараф мавриди истифода қарор додани он вазифаи аввалиндараҷаест, ки мо барои иҷрои он ҷидду ҷаҳд дорем.
Зимни муаррифии Тоҷикистон зикр гардид, ки Тоҷикистон сарзамини бой аст. Дар он сарватҳои мухталифи табиӣ, аз ҷумла сарватҳои нодир мавҷуданд, ки кашфу истихроҷи онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд аст. Ба мисол метавон соҳаи энергетикаро номбар кард. Ҳамасола кишвари мо имкони истеҳсоли зиёда аз 50 млрд. киловатт/соат нерӯи барқи обиро дорад, ки онҳоро метавон ба нафъи зиёд ба бозори минтақа баровард. Барои истифодаи ин иқтидори бузург мебояд, ки нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд кард ва дар оянда тавассути хатти интиқоли КАСА-1000, ки бунёди он соли оянда оғоз хоҳад шуд, ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шавад.
“Самти дигари барои мо афзалиятнок ин соҳаи туризм мебошад. Сарзамини кӯҳсори Тоҷикистон пур аз манзараҳои зебову дилкаш, инфраструктураи зарурӣ мебошад ва мо кӯшиш ба он мекунем, ки дӯстони қувайтии мо ҳар чӣ бештар аз кишвари мо дидан намоянд, бо урфу одат ва анъанаҳои бойи мардуми мо ошно шаванд ва бад ин васила риштаҳои дӯстиву бародарии моро, ки решаҳои чуқури таърихӣ доранд, боз ҳам қавитар гардонанд”, — тазаккур дод Сафир.
Ба ақидаи Сафири Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдов ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат, бахусус муаррифии бештари фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, баланд бардоштани манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин дар рушди иқтисоди миллӣ манфиатбахш аст. Аз ин нуқтаи назар, ҳадафи аслии Сафорати Тоҷикистон дар Қувайт ҳам аз ташкили чунин чорабиниҳо ҳар чи бештар муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва ба ин васила ҷалб намудани сайёҳон ва сармоя ба Тоҷикистон мебошад. 
“Имрӯз имконоти сайёҳии мо дар Тоҷикистон зиёд аст ва моро танҳо зарур аст, ки сайёҳонро ҷалб намоем, то аз кишвари мо ҳам мисли дикар кишварҳои дидан кунанд. Масалан, аҳолии Қувайт, ки беш аз 1,5 миллион нафар аст, аз ин шумора танҳо дар давоми 4 рӯзи таътили Иди Қурбон соли ҷорӣ 228 нафар ба кишварҳои хориҷа ба саёҳат рафтанд. Аз ин шумора танҳо 4 нафар ба Тоҷикистон рафт, ки дар қиёс ба ҷаззобии табиат ва шароити хуби сайёҳии мо кам аст. Вале, мавриди тазаккур аст, ки ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Қувайтро ҳамагӣ 1 сол шуд ва мо тамоми имконоти мавҷударо ба он равона хоҳем кард, ки сайёҳон ва сармоягузорони қувайти бештар ба Тоҷикистон ҷалб шаванд”, — илова намуд Сафир. 
Бояд гуфт, ки имкониятҳои бузурги сармоягузории дӯстони кувайтӣ ва шароити мусоиди ҳуқуқиву маъмурӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ин омилҳое мебошанд, ки истифодаи оқилона ва судманди онҳо метавонад ҳамкориҳои моро рушду густариши тоза бахшад.
З. Зубайдов муътакид бар он аст, ки аксари журналистон ва тоҷирони қувайтӣ нисбат ба Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд. Вале, чорабинии имрӯза собит намуд, ки эшон нисбат ба кишвари мо таваҷҷуҳи хос доранд. Дар сурати дуруст тарғибу ташвиқ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон метавон соҳаи туризм ва сармоягузориро таҳким бахшида, нуфузи Тоҷикистон ва рушди иқтисоди миллиро боло бурд. Аз ин лиҳоз, Сафорати Тоҷикистон дар Қувайт пайваста талош бар он меварзад, ки дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳамкории дуҷониба робитаҳои фарҳангиву тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳоро мунтазам таҳким бахшад.  
Маврид ба зикр аст, ки ҷараёни маъракаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт ва чорабинии зикргардида шоми имрӯз тавассути шабакаи телевизиони марказии Қувайт намоиш дода мешавад. Инчунин, намояндагони расонаҳои хабарии дар ин чорабинӣ иштирок намуда роҷеъ ба Тоҷикистон маълумот нашр хоҳанд кард.  

Ноябрь 6, 2013 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд