Зиёдшавии ҳосили ғалладонагиҳо ва гандум

Ноябрь 26, 2013 11:56

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Тибқи маълумотҳои фаврии Вазорати ии ҶТ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 315,4 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд, ки он то 25-уми ноябр пурра ҷамъоварӣ шудааст. То 25-уми ноябри соли равон ҳосилнокии умумии ғалладонагиҳо 872,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 210,2 ҳазор тонна зиёд мебошад, ҳосилнокӣ аз як гектар 27,8 сентнерӣ буда, нисбат ба соли гузашта 5 сентнерӣ зиёд аст. Ҳосили умумии гандум 650,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ба ҳамин давраи соли гузашта 132,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 29,4 сентнерӣ буда. нисбат ба соли гузашта 4 сентнерӣ зиёд аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Ноябрь 26, 2013 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш