Ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон

Декабрь 24, 2013 10:37

Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Ба иттилои роҳбари Маркази тавонобахшии ҷамъияти маъюбони шаҳри Кӯлоб «Заршедабону» Қаламниссо Абдуқаюмова бо дастгирии ташкилотҳои байналмиллалии «Наҷоти кӯдакон», «Оксфам», ҷамъияти маъюбони ҷумҳуриявӣ ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 декабр дар маркази мазкур ҷамъомади солинавӣ доир мешавад.Чорабинии мазкур аз қисматҳои гуногуни варзишӣ, фархангӣ ва фароғатӣ иборат мебошад. Кормандони марказ ба маъюбон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд. Ин амал баҳри дилбардории маъюбон ва дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳандозӣ мегардад.

Декабрь 24, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш