Қадрдонии дониши хонандагон дар озмунҳо

Декабрь 25, 2013 15:19

Румӣ, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова)-Воқеан дар озмуну олимпиадаҳо ширкат намудани хонандагон ба баланд шудани дониши хонанда таъсири амиқи худро мерасонад,- гуфт зимни суҳбат сардори раёсати маорифи ноҳияи Румӣ Маърифат Навкарова. Иштироки хонандагон дар озмунҳо имсол фаъол буд. Дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ хонандагони мактабҳои ноҳия 31 медал ба даст оварданд, ки аз он 9-тоаш тилло, 8-тоаш нуқра ва 14 тоаш биринҷӣ мебошад,- гуфт Маърифат Навкарова. Ин комёбӣ натиҷаи заҳмати омӯзгорон мебошад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон иштироки хонандагонро хуб арзёбӣ намуда, бо таассуф иброз дошт, ки дар озмуни вилоятӣ хонандагони хуросонӣ ҳамагӣ 1 медали биринҷиро саҳиб шудаанд. Тавре ки мудири шуъбаи маориф ба мо гуфт, дар айни замон дар 58 мактабу 1 литсей 21 ҳазору 880 хонанда таҳсил менамоянд.

Декабрь 25, 2013 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш