Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2013 15:09

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 582ш. ДушанбеДар бораи муовини якуми Вазиримаориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Мирбобоев Р.М.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон МИРБОБОЕВ РАҲМАТУЛЛО МАДАЮБОВИЧмуовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонМИРБОБОЕВ Раҳматулло Мадаюбович 22 августи соли 1956 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977 дар вазифаи ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар Донишгоҳи мазкур кор кардааст.Солҳои 2006-2010 дар вазифаҳои декани факултети молиявию иқтисодӣ ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Солҳои 2010-2012 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 583ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи РаисиКумитаи забон ва истилоҳоти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Саймиддинов Д.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Саймиддинов Додихудо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 584ш. ДушанбеДар бораи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Шарофзода ГавҳарҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Шарофзода Гавҳар Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ШАРОФЗОДА ГАВҲАРРаиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонШАРОФЗОДА Гавҳар 23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, дотсент.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати роҳбари кружок, муаллими мактаби миёнаи №7 оғоз намуда, сипас то соли 1985 дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ кор кардааст.Солҳои 1990-2002 дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, ассистенти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, мудири аспирантура, муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият намудааст.Солҳои 2002-2010 ба ҳайси сарэксперти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, мудири шуъбаи забони Вазорати маориф, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Аз марти соли 2010 дар вазифаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 585ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи РаисиКумитаи ҳифзи муҳити зисти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Салимов Т.О.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Салимов Талбак Орзуевич аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 586ш. ДушанбеДар бораи Раиси Кумитаи ҳифзимуҳити зисти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон таъин намуданиИбодзода ХайруллоҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ибодзода Хайрулло Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ИБОДЗОДА ҲАЙРУЛЛОРаиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲукуматиҶумҳурии ТоҷикистонИбодзода Хайрулло 24 феврали соли 1967 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1991 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-гидротехник, соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикстонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар вазифаи асистенти кафедраи иншооти гидротехникии факултаи гидромелиоративии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1992-2001 техник, муҳандис ва сардори коргоҳи иншооти гидротехникии Неругоҳи барқии обии Норак, 2001-2002 ҳамчун мутахассиси барқи минтақавӣ дар лоиҳаи «Идораи захираҳои об дар ҳавзаи баҳри Арал» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор кардааст.Солҳои 2002-2011 ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон адои вазифа намудааст.Аз моҳи марти 2011 дар вазифаи мудири Шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
 
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 587ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи Директори Агентиидавлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазоратимеҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон озод намудани Дамонов Р.М.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Дамонов Раҷабалӣ Мадалиевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 588ш. Душанбе Дар бораи Директори Агентиисуғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Ҳакимов Р.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҳакимов Руҳуло Абдуғаниевич Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 589ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи муовиниВазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Ҳакимов Р.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҳакимов Руҳуло Абдуғаниевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 590ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи СардориХадамоти зиддиинҳисории наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Тағоймуродов Ҳ.Ҳ.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Тағоймуродов Ҳамдам Ҳайдарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 591ш. Душанбе Дар бораи Сардори Хадамоти зиддиинҳисорииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Раҷабов А.А. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Раҷабов Абдусамад Абдурауфович Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 592ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи СардориСаридораи бойгонии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиНеъматова Ш.Н.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Неъматова Шаҳло Нӯъмоновна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 593ш. Душанбе Дар бораи Сардори Саридораибойгонии назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон таъин намуданиМирсаидова Д.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Мирсаидова Дилором Амоновна Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 594ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи ректориДонишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонозод намудани Изатулло СатторӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Изатулло Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 595ш. Душанбе Дар бораи ректориДонишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонтаъин намудани Салимов А.Ф.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Салимов Амонулло Файзуллоевич ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон САЛИМОВ АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛОЕВИЧРектори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ ШоҳтемурСалимов Амонулло Файзуллоевич 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим ва соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба ҳайси лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология оғоз намуда, минбаъд ҳамчун ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ», аспиранти кафедраи «Физиологияи растанӣ ва биотехнология», дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» ва ҷонишини декани факултети агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2001-2004 ҳамчун ёвари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Аз соли 2004 то ба имрӯз ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим фаъолият дорад.Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.Муаллифи зиёда аз 100 асарҳои илмӣ ва ихтироот мебошад.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардид.ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 596ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи ректориДонишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми академик М.Осимӣ озод намуданиАбдурасулов А.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Абдурасулов Анвар Абдурасулович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 597ш. ДушанбеДар бораи ректори Донишгоҳи техникииТоҷикистон ба номи академик М.Осимӣтаъин намудани Одинаев Ҳ.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Одинаев Ҳайдар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 598ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовиниВазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Азизӣ Фароғат АбдуқаҳҳорзодаҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 599ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи ректориКонсерваторияи миллии Тоҷикистонозод намудани Амиров Р.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Амиров Раҷабмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 601ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи Директори иҷроияифилиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номиМ.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбеозод намудани Одинаев Ҳ.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Одинаев Ҳайдар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 602ш. ДушанбеДар бораи Директори иҷроияи филиалиДонишгоҳи давлатии Москва ба номиМ.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбетаъин намудани Нозимов А.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Нозимов Абдулҳамид Абдуалимович Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 603ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи ректориДонишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонозод намудани Мирбобоев Р.М.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 6 декабри cоли 2013 № 604ш. ДушанбеДар бораи ректори Донишкадаимолия ва иқтисоди Тоҷикистонтаъин намудани Солиев А.А.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Солиев Ашурбой Абдувоҳидович ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон СОЛИЕВ АШУРБОЙ АБДУВОҲИДОВИЧРектори Донишкадаи молия ва иқтисоди ТоҷикистонСОЛИЕВ Ашурбой Абдувоҳидович 12 феврали соли 1974 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 дар кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои ассистент, муовини декани факултет, дотсент кор кардааст.Солҳои 2006-2010 ба ҳайси мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Солҳои 2010-2013 дар мансаби декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.Аз моҳи августи соли 2013 дар вазифаи муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Бо ордени «Шараф дараҷаи II» сарфароз гардида, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардид

Декабрь 6, 2013 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд