Ҳадаф – баланд бардоштани маърифати экологӣ

Декабрь 11, 2013 16:22

Шаҳринав, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ташкилоти ҷамъиятии маркази дастгирии ҷамоати «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав ҳанӯз соли 2009 бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар назди ҷамоати Сабо ташкил гардида, самти фаъолияташ серпаҳлӯ ва ҳудуди фаъолияти он ноҳияи Шаҳринав ва дар айни ҳол шаҳри Турсунзодаро низ фаро гирифтааст.Марказ дар назди худ вазифа гузошта, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум, бедор намудани ҳисси табиатдӯстиву меҳанпарастии насли ҷавону наврас, рушди туризм дар кишвар, ҳифзи солимии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занону ҷавонон тавассути тадбирандешиҳо ва баргузории чорабиниҳо мусоидат намояд.Тибқи иттилои директори марказ Гулшан Каримова то ин дам як силсила корҳои нек дар самти ҳифзи табиат ба иҷро расидаанд. Аз ҷумла, якчанд давраҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Конвенсияи Орхусс» низ баргузор шуд.

Декабрь 11, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ