Ҳисоботи М. Убайдуллоев дар иҷлосияи шаҳрӣ

Декабрь 19, 2013 10:33

          
 Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати чорум, ё худ охирин иҷлосияи шаҳрӣ дар соли 2013  оғоз ёфт.
            Дар назди вакилони шаҳрӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои шаҳрдорӣ барои соли 2014 ҳисобот дод.  
         Ҳамзамон дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон ва соири муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт матраҳ  гашт. Инчунин масъалаи вобаста ба ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, як силсила қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардид. 

Декабрь 19, 2013 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш