«Ҳолат ва дурнамои энергетикаи Тоҷикистон»-конфронс

Декабрь 23, 2013 15:13

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Ҳар сол 22-юми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи энергетикҳо таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронси ҷумҳурияии илмию амалӣ таҳти унвони «Ҳолат ва дурнамои энергетикаи Тоҷикистон» баргузор гардид.Ҳадаф аз баргузории конфронсро масъулин дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рӯй овардан ба илм, техникаю технологияи муосир ва ба ҳамин васила, баланд бардоштани савияи дониш, инчунин ҷалби бештари донишҷӯён, аспирантон, мутахассисон ва устодон ба корҳои илмӣ арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз ин дороӣ ҳамагӣ 4 фисади онро истифода менамояду халос.

Декабрь 23, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш