Ҷаласаи 11 — уми Комиссияи байниҳукуматӣ Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- 19 – 20 декабри соли 2013 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 11 – уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд. Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссия роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматӣ Қодири Қосим ба ӯҳда дошт. Вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои оби Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси бахши қазоқистонии Комиссияи байниҳукуматӣ Каппаров Нурлан Ҷамбулович роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон буд.Дар кори ҷаласаи Комиссия роҳбарон ва коркунони масъули вазорату идораҳо, мақомоти дигари ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои фаъолияти соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок намуданд.Зикр шуд, ки тайи давраи гузашта ҷонибҳо барои татбиқи қарорҳои ҷаласаи 10 – уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар амри рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон кори зиёдеро анҷом доданд. Ҳамраисони Комиссия аз ҳамкории босуръати дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ, ки густариши муомилоти савдои хорриҷии байни ҳар ду кишвар инро тасдиқ менамояд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Зикр шуд, ки ба туфайли саъю кӯшишҳо ва азму иродаи сиёсии президентҳои давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев муносибатҳои мо чун анъана тамоюли рушду густариши доимӣ дар ҳамаи самтҳои ҳамкориро дошта, ҳамзамон барои рушди минбаъдаи робитаҳо имкониятҳои иловагӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, зарурати ҳар чи зудтар вусъат бахшидани имкониятҳои Бунёди инвестсияҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, ҳамчунин фаъолияти судманди Комиссияи ҳамкории иқтисодии байниҳукуматӣ қайд карда шуд.Дар ҳоли ҳозир ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии ҳар ду кишвар босуръат рушд меёбад. Тайи даҳ моҳи соли 2013 вазни қиёсии молу маҳсулот ва таҷҳизоти Қазоқистон дар ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷӣ 12,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот баробари 61,2 миллион доллари ИМА ё 6,2 фоиз буд. Воридот 487, 4 миллион доллари ИМА ё 14,5 фоизи воридоти умумии ҷумҳурӣ тайи давраи ҷориро ташкил дод. Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон баъди Русия ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ҷонибҳо дар ҷараёни ҷаласа масоили вусъати ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ, мушорикати давлатию инфиродӣ, саноат, энергетика, ҳифзи муҳити зист, муҳоҷирати меҳнатӣ, маорифу илм, кишоварзӣ ва варзишро мавриди баррасӣ қарор дода, лоиҳаҳои як қатор созишномаю ёддоштҳои байниҳукуматиро мутобиқ намуданд. Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Комиссия Протоколи ҷаласаи 11 – уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шуд. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






