Ҷойҳои нави корӣ дар корхонаҳои соҳаи сохтмон

Декабрь 27, 2013 16:01

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон 26 корхонаю коргоҳи тавлиди маводи сохтмонӣ мавриди истифода қарор гирифта, 921 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот барои корхонаҳои сохтмонӣ ба маблағи 74,8 миллион доллари ИМА таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ оварда шуд. Корхонаҳои зикршуда асосан ба истеҳсоли семент, хишт ва регу шағал машғуланд.Хотирнишон месозем, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 204 корхонаи тавлиди маводи сохтмонӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 6 ҳазор нафар кор мекунанд.

Декабрь 27, 2013 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш