ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Ванҷ оғоз менамояд

Декабрь 27, 2013 11:45

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли нави 2014 ҶСК «Тоҷик Эйр» иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе оғоз менамояд.  Парвозҳо ҳафтае як маротиба рўзҳои душанбе иҷро мешаванд. Арзиши чипта 70 доллари амрикоӣ буда, парвози нахустин 6-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ соли 1997 бинобар камбуди мусофирон қатъ шуда буданд ва алъон бо ибтикори ҳукумати ноҳияи мазкур дубора оғоз мешаванд.

Декабрь 27, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш