А.Лукашенко: Агар мо ба фаъол шудани ин Иттиҳоди иқтисодӣ муваффақ нашавем, ин бароямон шармандагист

Декабрь 27, 2013 11:36

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 24 декабр дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Назар ба хабари Kremlin.ru, дар ҷараёни вохӯрӣ дар ҳайати маҳдуд Владимир Путин, Президенти Белоруссия Александр Лукашенко ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев самтҳои асосии ҳамкории ҳамгироявии се кишвар, ҷараёни кор ҷиҳати ташаккулёбии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди муҳокима қарор доданд. Баъдтар ҷаласа бо иштироки Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Сарвазири Украина Николай Азаров идома ёфт. Масоили пайвастани Қирғизистону Арманистон ба лоиҳаи ҳамгироии АвруОсиё муҳокима шуд.Дар ҷараёни ҷаласа маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ба имзо расид. Аз ҷумла, «харитаи роҳ» ҷиҳати ба Иттиҳод ва Фазои ягонаи иқтисодӣ пайвастани Арманистон маъқул ёфта шуд. Владимир Путин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ барои матбуот изҳорот доданд.«Мо ҳамроҳи президентҳои Беларус ва Қазоқистон масоили муҳими рушди ҳамгироии иқтисодии АвруОсиёро муҳокима ва натиҷаи кори калони муштаракро, ки баъди мулоқотамон моҳи октябр дар Минск анҷом додаамон иҷро шудааст, ҷамъбаст намудем», — гуфт Президенти Русия Владимир Путин. «Қабл аз ҳама муяссар шуд, ки дар таҳияи лоиҳаи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хеле пешравӣ шавад. Коршиносони мо қисми асосию ниҳодии шартномаро ба таври умум мутобиқ намуданд. Дар он мақоми ҳуқуқии байналмилалӣ, вазифаю механизмҳои фаъолияти иттиҳоди оянда муайян шуда ва принсипҳои асосии раванди ҳамгироии АвруОсиё инъикос ёфтаанд. Ҷонибдории ҳамкории одилонаю мутақобилан муфид дар асоси баробарҳуқуқӣ, ман мехоҳам инро таъкид намоям, кӯшиши ҳамаҷониба рушду густариш бахшидани иқтисодиёти кишварҳои аъзо, таҳкими рақобатпазирии онҳо ва аз ҳама асосӣ пеш гирифтани роҳи баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандонамон аз ҷумлаи онҳост. Иқдоми дигар иборат аз тарҳрезии фаъолият, ё соҳавии бахши лоиҳаи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Дар ин бахш бояд уҳдадориҳои мушаххаси кишварҳои «сегона» барои таъмини ҳаракати озоди амвол, хидматрасонӣ, сармоя ва қувваи кор зикр дода шаванд. Кор аз рӯи қисми боқимондаи ихроҷ аз тартиби умумии тиҷоратию сармоягузорӣ вусъат ёфтааст. Мо аҳд кардем, ки онҳоро ихтисор намуда ва охири охирон онҳоро ба минимум ё ба сифр расонем. Ба коршиносон супориш дода шудааст, ки бештар саъю кӯшиш намуда, корро дар бахши қисми соҳавии шартнома то моҳи марти соли оянда анҷом диҳанд, таъкид менамоям, давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрук ният доранд, ки ҷадвали муқарраршударо риоя намоянд, то ин ки шартнома на дертар аз моҳи майи соли 2014 ба имзо расонида ва сипас барои тасдиқ ба парлумонҳои кишварҳоямон супурда шавад. Ба ҳамин тариқ, қонунгузорон ба таври кифоя вақт пайдо мекунанд, ки ҳамаи тартиботи зарурии тасдиқкуниро то охири соли оянда анҷом диҳанд. Тавре ки мо дар назар доштем, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад аз 1 январи соли 2015 дар қолаби ҳаҷман калон ба кораш шурӯъ намояд. Дар ҳар сурат, мо баҳри ин кӯшиш менамоем.Беҳдошти шароити роҳандозии тиҷорат дар тамоми фазои ҳамгироӣ самти муҳими кори муштараки кишварҳои «сегона» ба шумор меравад. Ба манзури осон гардонидани мубодилаи маълумот перомуни савдои хориҷӣ ва мутақобила низоми махсуси иттилоотӣ ташкил карда мешавад. Имрӯз қарорҳое қабул шуданд, ки мақсад аз онҳо ҳифзи рақобати поквиҷдонаю некхоҳона мебошад. Ваколатҳои назоратии ин бахш дар ихтиёри мақомоти зермиллӣ — Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гузошта, вайрон намудани қоидаҳои ягонаи рақобатро Суди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба таври алоҳида баррасӣ менамояд. Таъкид менамоям, ки лоиҳаи ҳамгироии мо натиҷаҳои мушаххасу амалиро ба бор меорад. Тайи се соли охир муомилоти моли Иттиҳоди гумрук беш аз 30 фоиз (21 миллиард) афзуд. Қазоқистону Белоруссия якҷоя дар мизони тиҷорати хориҷии Русия баъди Иттиҳоди Аврупо — умуман Иттиҳоди Аврупо ва Чин мақоми сеюмро касб намуданд. Сохтори тиҷорати мутақобила аз ҳисоби афзоиши ҳиссаи мол бо арзиши баланди изофӣ беҳтар мегардад. Ман имрӯз инро ду маротиба хотирнишон сохта будам. Ба фикри мо, ин нишондиҳандаи басо ҷиддии муносибатҳоямон мебошад. Мо дар баробари ин аз бозорҳои дигар дур намешавем, баръакс кӯшиш менамоем, ки ҳамкории серсоҳаро ҳам бо давлатҳои алоҳида ва ҳам бо иттиҳодияҳои ҳамгироӣ, аз ҷумла бо Иттиҳоди Аврупо рушд диҳем. Онро ба назари эътибор мегирем, ки ҳамгироиҳои Аврупо ва АвруОсиё ба самарабахшу пурра гардонидани якдигар қодиранд. Воқеъан, дар мо ҳамоиши Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар вақтҳои наздиктарини соли нав дар назар аст. Умедворам, ки мову ҳамтоёнамон метавонем бо ҳамтоёни аврупоиамон гуфтугӯ намоем. Дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё президентҳои Арманистону Қирғизистон, ҳамчунин Сарвазири Украина дар қолаби васеъ низ иштирок намуданд. Мо саъю кӯшиши онҳоро баҳри ҳамкории зичтар қабул дорем. «Харитаи роҳ» ҷиҳати пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди гумрук ва Фазои ягонаи иқтисодӣ тасдиқ гардид. Лоиҳаи чунин ҳуҷҷат барои Қирғизистон ҳам аслан таҳия шудааст. Мо аҳд кардем, ки такмили онро худи ҳоло бо иштироки коршиносон давом дода, корро кашол надиҳем». Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко дар навбати худ мавқеи Беларусро зикр намуда, чунин гуфт: «агар мо дар мӯҳлатҳои муқарраркардамон ба фаъолшавии ин иттиҳоди иқтисодӣ муваффақ нашавем, ин барои ҳар сеямон ва давлатҳоямон шармандагист. Мо дар ин бора ҳам сухан кардем ва ин аз он далолат мекунад, ки азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳуҷҷати басо мураккабро тайи ин давраи кӯтоҳ таҳия ва имзо намоем.Беларус онро ба инобат мегирад, ки ҳуҷҷати нав бояд ҳамчунин қадами калоне дар роҳи сохтмони ҳамгироӣ гардад. Дар баробари ин бояд аҳду паймонҳое, ки ҳангоми ташаккули Фазои ягонаи иқтисодӣ карда шуда буд, пурра дар амал татбиқ намуда, ҳамаи чизи беҳтарин аз Иттиҳоди гумрук ва Фазои ягонаи иқтисодӣ гирифта, чунин низому сохтори ҳуқуқии иттиҳоди оянда таъсис дода шавад, ки самарабахшии бештари онро таъмин кунад. Мехостам қайд намоям, ки шартнома умуман тарҳи мушаххас пайдо мекунад, вале тавре ки мо якдилона қайд намудем, иҷрои кори бузург дар пеш аст. Як қатор мавқеъҳои бештар ҳассос бояд аниқ карда шаванд. Аз ҷумла, сухан дар бораи фарқ кунонидани салоҳияти иттиҳод ва давлатҳои аъзои ин иттиҳод, волоияти санадҳои муттаҳидии оянда ва ғайра меравад. Мо зимни муҳокимаи масъалаи таносуби шартнома бо ҳуҷҷатҳои дигари байналмилалӣ изҳор доштем, ки вай ба имзо ё истифодаи қарорҳои қаблан қабулшудае, ки ба мақсадҳои шартнома мухолиф набуда ё шароити мусоиди ҳамкориро фароҳам меоранд, набояд мамониат кунад. Бояд фаъолияти созишномаҳои мо, масалан, дар ҳошияи Давлати иттиҳодӣ бо Русия, шартномаҳои мо — Беларус ва Русия — бо Қазоқистон нигоҳ дошта шаванд. Ин, бешубҳа, ба рушди минбаъдаи ҳамгироӣ мусоидат мекунад. Ба фикри мо ташкили иттиҳодияи нав дар заминаи Иттиҳоди гумрук масъалаи муҳимтарини марбут ба рушди минбаъдаи ҳамгироӣ мебошад, зеро дар он ягон нуқсону маҳдудият дар бахши савдои моли байни кишварҳои аъзо вуҷуд надорад ва имрӯз мо маҳз дар ҳаракати озоди амвол ҳаддалимкон пеш рафтаем. Бо назардошти ин, ҷониби Белоруссия пешниҳод намуд, ки нисбат ба интиқоли ҳамаи амвол низоми миллӣ ҷорӣ карда шавад, яъне амволи якдигар моли худӣ дониста шавад. Барои ин бояд дар навбати аввал нуқсонҳои тартиби савдои озод аз чунин мавқеъҳои мушкилсоз, монанди маҳсулоти спирту тамокудор, дорувор, автомобилҳо, маснуоти тиббӣ, нафт, маҳсулоти аз нафт тавлидшуда ва ғайра хориҷ карда шавад. Зеро қаблан дар ин бора аҳду паймони принсипиалӣ ба даст омада ва имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи шӯро тасдиқ гардид». Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев дар навбати худ чунин гуфт: «Имрӯз ҳамаи кишварҳо ба мо бодиққат назар мекунанд, мо инро медонем. Сари мизи мудаввари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бидуни муболиға барои давлатҳои мо таърих офарида мешавад. Мо ин масъулиятро дарк мекунем. Ташкили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба маънои аслиаш лоиҳаи инноватсионии замон аст ва он кӯшиш барои таҷдиди ИҶШС — и пошхӯрда нест, чунон ки инро ба мо таҳмил карданианд. Роҳи бозгашт ба гузашта нест ва нахоҳад буд. Ин мавқеи умумию якхелаи ҳамаи давлатҳост. Мо ақиб не, балки пеш, ба он ҷое меравем, ки имрӯз мақсадҳои афзалиятдори ҳамгироӣ тамоми ҷаҳонро сӯи он мебаранд. Ҳамзамон мехоҳам бигӯям, ки ҳамгироӣ ба касе қанди бепул намедиҳад, чунонки баъзеҳо ҳамин тавр мекунанд, ҳамгироӣ чизеро ҷудо намекунад. Мо ихтиёран ва ба нафъи давлатҳоямон сӯи он меравем. Кишварҳои аъзо саъй мекунанд, ки нерӯи муттаҳидшудаи ин ҳамкориро пурра истифода намоянд. Варзишгарон медонанд, ки сегонаи қаиқронони пурқувват ҳамеша аз қаиқронони ягона пеш мегузаранд, дуруст аст? Агар ҳаштгона шавад — охир дарҳои мо бозанд, — суръат умуман баландтар мешуд. Агар ба таври ҷиддӣ гӯем, дар ҷахон аллакай бисёр чунин иттиҳодияҳо фаъолият доранд, ки шумо инро медонед. Ин Иттиҳоди Аврупо, ин НАФТА, ин МЕРКОСУР, Иттиҳоди Африқо, АСЕАН, АТЭС ва дигарон мебошанд. Ва мехоҳам бори дигар қайд намоям, ки дар иттиҳоди мо соҳибихтиёрии сиёсии давлатҳо мустаҳкаму устувор аст, ин ҳақиқати баҳснопазир аст. Зиёда аз ин, ҳамгироиҳои иқтисодӣ маҳз барои он рушд меёбанд, ки давлатдории миллиро таҳким бахшида, онро тавассути иқтисодиёти қавӣ боз ҳам қавитар гардонанд. Ана бинед: барои он ки ҳар маҳсулот, на фақат маҳсулоти инноватсионии дар ягон кишвар тавлидшаванда рушд ёбаду дар ҳақиқат чунин маҳсулот гардад, бояд 200 миллион нафар харидорон пайдо шаванд. Мо ба ин наздик шуда истодаем. Ва дар шароити сарҳадҳои баста ягон давлат иқтисодиётро тараққӣ дода наметавонад. Оре, мо худи имрӯз ҳам медонем, ки касе набояд шубҳаю ташвиш дошта бошад: соҳибихтиёрии аслии кишварҳои аъзои ин иттиҳод нигоҳ дошта, ҳам аз нигоҳи сиёсати дохилӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсати хориҷию байналмилалӣ пурра мустаҳкам мегардад.Таҷрибаи ҷаҳонии ҳамгироӣ нишон медиҳад: саъю кӯшишҳои якҷоя, аввалан, барои ҳамаи давлатҳо фоидаҳои дарозмуддати иқтисодӣ меорад, амнияти қавитарро таъмин мекунад (инро бо чашми оддӣ дидан мумкин аст) ва сатҳи некуаҳволии халқҳоеро, ки дар ин иттиҳод кор мекунанд, баланд мебардорад. Ба хотири ин се банд ҳамаи давлатҳо дар (равандҳои ҳамгироӣ) ихтиёран иштирок менамоянд, мо маҳз барои ҳамин Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро месозем. Асоси онро принсипҳое ташкил медиҳанд, ки барои ҳама фаҳмоянд. Якум — прогматизми иқтисодӣ; дуввум — эҳтироми соҳибихтиёрӣ; сеюм — ихтиёрияти ҳамгироӣ; чаҳорум — баробарҳуқуқӣ ҳангоми қабули ҳамаи онҳо; панҷум — таҳавуллотии рушд, шаффофияти фазои АвруОсиё. Дар баробари ин ҳамгироии АвруОсиё зидди ягон кишвар ё иттиҳодияҳою манфиатҳои дигар нигаронида нашудааст. Мо иттиҳоди иқтисодиро на барои он ташкил медиҳем, ки худро аз тамоми ҷаҳон канор гирем, баръакс, барои он ташкил медиҳем, ки бо онҳо ҳаддалимкон муваффақона ҳамкорӣ намоем. Шавқу ҳавас ба раванди ҳамгироии АвруОсиё дар ҷаҳон ва минтақа афзун мегардад».

Декабрь 27, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд