АЖРВТ беҳтарин варзишгарони соли 2013-ро муайян кард
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян кард. Дар ин бора раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов хабар дод. Варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Вай имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Ҳамчунин Дилшод дар мусобиқоти байналмилалии “Seiko Golden Prix” дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт. Бояд гуфт, ки ин беҳтарин натиҷаи имсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист. Дилшод Назарови 31-сола, ки моҳи марти соли равон дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд, имсол ҳамчунин дар Ҳиндустон боз ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст. Баъди Дилшод Назаров ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дохил шуд. Комроншоҳи 20-сола моҳи декабр дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштини қураш дар вазни то 90 кило дар Туркия аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба ҷуз гӯштии қураш вай имсол боз дар ду намуд — самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра ва дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб омадааст. Ҳамчунин Комроншоҳ дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо — Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст оварда, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Киев бо медали тилло мукофотонида шудааст. Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд: Алишер Аҳмадов — қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;Саидҷалол Саидов — қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гӯштии кураш дар вазни то 81 кг дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;Искандари Рустам — барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гӯштии озод дар вазни то 96 кг дар Ҳиндустон;Наврӯз Ҷафоев — барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кг дар Урдун;Абдуазим Бойназаров — барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гӯштии камарбандӣ дар вазни то 68 кг;Зӯҳро Холова — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кг;Меҳрангез Алиева — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;Акмал Қодиров — барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд. Ба иттилои раиси АЖРВТ барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назарпурсӣ 75 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд. Хабарнигорон дар пурсишнома ҳамагӣ 29 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, номбар кардаанд. “Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст,” — иброз дошт Назрулло Латифов, раиси АЖРВТ.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






