Беаҳамиятӣ сабаби сӯхтор гардид

Декабрь 23, 2013 11:57

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Шаби 21 декабри соли 2013 дар яке аз мағозаҳои Маркази савдои «Баракат», воқеъ дар кўчаи Алиёев 70-и ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд сўхтор ба амал омад. Ҳангоми бо маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 3 метри мураббаъ ҳуҷраи истироҳатии мағоза оташ гирифта буд. Оташнишонон дар муддат кӯтоҳ сўхторро хомўш карда, муайян намуданд, ки сабаби сўхтор беназорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи худсоз мебошад. Гунаҳгори ҳодиса соҳибкор Толиб Мирзохуҷаев буда, зарар аз сўхтор 240 сомониро ташкил намуд. Маблағи молу мулки аз тарафи оташнишонон нигоҳдошта ба 18000 сомонӣ баробар аст. Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар доданд, дар ин рӯз инчунин аз сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи печи аловӣ дар манзили истиқоматии сокини деҳаи Кишоварзии ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат Абдуғиёс Шарипов дар масоҳати 120 метри мураббаъ боми бинои истиқоматӣ сўхта нобуд шуд. Гунаҳгор худи соҳибхона буда, маблағи зарар 3780 сомониро дар бар мегирад. Молу мулки аз тарафи оташнишонон нигоҳдошта ба 268946 сомонӣ баробар аст.

Декабрь 23, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш