Безараргардонии сарвари як гуруҳи муташаккили фаромиллӣ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Зимни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аъзои гуруҳи муташаккили фаромиллии нашъаҷаллоб таҳти сарварии қочоқчии шинохта дар олами ҷиноӣ ҳоҷӣ Довуд валади Ҷумъахони 40 сола, сокини қарияи Бӯстони улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ба кормандони мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар ин асно номбурда хост бо роҳи тарконидани норинҷаки дастӣ аз ҷойи ҳодиса ғайб занад, вале ба ин ҳадафаш муваффақ нагардида, бо оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуд. Ҳаммаслакони ӯ аз тариқи ҷангалзор ба самти Афғонистон паноҳ бурданд. Тавре ки аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузарони ҷойи ҳодиса ҷасади қочоқчӣ Довуд валади Ҷумъахон пайдо шуд. Ҳамчунин аз тарафи кормандони мақомот 2 адад норинҷаки дастии «Ф-1», 1 борхалта бо 14 бастаи маводи мухаддир, ки ҳаҷми умумиашон 15 килограммро ташкил дод, дарёфт ва мусодира гардид. Кормандони мақомоти амнияти миллӣ муайян карданд, ки роҳбарии асосии ин гуруҳи муташаккили қочоқчиро корманди полиси маҳаллии улусволии Дарқади вилояти Тахор Ҷалмад, маъмул бо тахаллуси «Абдураҳмон» ба уҳда дорад.Кӯшиши дигари муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ пешгирӣ гардид. Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории амалиёт бо гумони даст доштан дар нашъаҷаллобӣ дар минтақаи сарҳадии деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон шаҳрванд Шарипова Парвина Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1991, ҷойи таваллудаш ноҳияи Файзобод, тоҷик, муҷаррад, сокини ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ, фурӯшандаи бозори марказии ш. Хоруғ боздошт шуд. Зимни азназаргузаронии воситаи нақлиёт, дар дохили халтаи селофанӣ, ки ба Шарипова Парвина тааллуқ дошт, 1 килою 716 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Дар ҷараёни амалиёти дигар, дар ҳудуди бозори наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирсаид валади Миршоҳон, соли таваллудаш 1990, сокини вилояти Тахор дастгир гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии шахсии мавсуф аз даруни яке аз пойафзолҳояш 32 грамм ҳашиш ёфта гирифта шуд.Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Мавриди ёдоварист, ки аз ҷониби кормандони КДАМ дар давоми моҳи ноябр 75 килограмм, аз аввали соли 2013 дар маҷмуъ 2 тоннаю 232 килограмм маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






