Боздиди дипломати Русия аз филиали ДДМ

Декабрь 24, 2013 11:31

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 23 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов бо донишҷӯёну муаллимони филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардид.Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав Абдулҳамид Нозимов зикр намуд, ки роҳбарияти филиал ҳамаҷониба саъй мекунад, ки ба рушди равобиту ҳамкории мутақобилаи байни кишварҳо мусоидат намояд. «Мо дастгирии шуморо ба дараҷаи баланд қадр карда, ҳамкориро бо шумо мақсади стратегии давлатҳоямон мешуморем», — гуфт Абдулҳамид Нозимов.Мувофиқи суханони Абдулҳамид Нозимов, алҳол дар Донишгоҳи давлатии Маскав 17 нафар донишҷӯёни хориҷи дур таҳсил менамоянд.

Декабрь 24, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш