Боздоштӣ «ҳоҷӣ» бо маводи мухаддир
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иддае аз шаҳрвандон ба номи мубораки ҳоҷӣ иснод оварда, даст ба ҷиноят мезананд. Яке аз чунин нафарон Гадоев Далер Файзуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, роҳбари ширкати «Мадинаи мунаввара» мебошад. Тавре ки аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон муайян карданд, ки Гадоев Далер моҳи августи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо шаҳрванд Мирзоев Маҳмудбек Имомович, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Ёгеди ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, собиқ хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. Бо ин мақсад онҳо аз шаҳрванди Афғонистон бо тахаллуси «Мулло» бар ивази маблағи муайян интиқоли маводи нашъаоварро аз тариқи сарҳади давлатӣ дархост кардаанд.Сипас бо кӯмаки шаҳрванд Акурзабеков Давлатбек Таъзимович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, оиладор, соҳиби 6 фарзанд, соҳибкор, 1 адад борхалтаро бо маводи мухаддир дар ҳудуди деҳаи Хостави ҳамин ноҳия аз як шаҳрванди Афғонистон қабул карда, борро тавассути мошини гароннархи хориҷӣ ба самти пойтахт интиқол доданд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани амалиёти кормандони мақомоти амнияти миллӣ шаҳрвандон Гадоев Далер, Мирзоев Маҳмудбек ва Акурзабеков Давлатбек ҳангоми додугирифти маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт гардиданд. Зимни азназаргузаронии мошини тамғаи «Toyota Camry», ки ба Гадоев Далер тааллуқ дорад, 1 адад борхалта бо 20 адад бастаҳои чоркунҷашакл дарёфт ва мусодира шуданд. Ташхиси минбаъда нишон дод, ки маводи мазкур воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни холисаш 18 килограмму 959 граммро ташкил медиҳад. Дар айни замон нисбат ба дастгиршудагон Гадоев Далер, Мирзоев Маҳмудбек бо дастрасии моддаҳои 335, қисми 2, 289, қисми 2 ва 200 қисми 4 ва Акурзабеков Давлатбек аз рӯйи моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Маврид ба зикр аст, ки боздоштшуда Гадоев Далери 28-сола ҳамагӣ як ҳафта пеш аз содиршавии ҷиноят аз зиёрати Хонаи Худо баргашта буд. Аз ҷараёни тарҳрезии нақшаи қочоқи маводи мухаддир бо иштироки ин 3 нафар аз моҳи августи соли равон эҳтимол меравад, ки Гадоев Далер ҳатто дар давраи адои маросими муқаддаси Ҳаҷ низ дар сар фикри нашъаҷаллобиро доштааст. Бино ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар дар ҳудуди минтақаи сарҳадии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон гузаронида шуд. Гуруҳи қочоқчиёни афғон бо қаиқи худсоз тавассути дарёи Панҷ маводи мухаддирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол доданд. Онҳо ба амри наряди сарҳадӣ дар бораи истодан итоат накарданд. Дар натиҷа марзбонон бо такя ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ойинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ «Оид ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 қочоқчиро бо номи Ҳоҷӣ Акбар валади Ҷӯра ба ҳалокат расониданд. Шарики ӯ Кароматулло валади Муҳаммадсуяк, соли таваллудаш 1983, сокини улусволии Қалъаи Золи вилояти Қундузи Афғонистон, оиладор, соҳиби 4 фарзанд боздошт гардид.Ҳангоми азназагузаронии ҷойи ҳодиса 2 борхалата бо 18 килограмму 751 грамм бангдона дарёфт шуд.Нисбат ба шаҳрванди ҶИА Кароматулло валади Муҳаммадсуяк бо дастрасии моддаҳои 335, қисми 2, 289, қисми 2 ва 200, қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






