Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Декабрь 11, 2013 14:11

Амалиёти полиси Доғистон Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Кормандони мақомоти полиси Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия зимни амалиёти бобарор 55 нафар аъзои яке аз гуруҳҳои террористиро дастгир намуданд. Гуфта мешавад, ки аз байни боздоштшудагон се нафарашро роҳбарони гуруҳ ташкил медиҳад. Аз дастгиршудагон ба миқдори зиёд силоҳи оташфишон ва адабиёти ифротӣ низ дарёфту мусодира карданд. Муҳориба дар Африқои Марказӣ Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Зимни муҳорибаҳо дар байни силоҳбадастон ва низомиёни Фаронса дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ 2 афсари фаронсавӣ ба ҳалокат расид. Президенти Фаронса Франсуа Олланд, ки дар шаҳри Банги қарор дорад, иброз доштааст, ки ҳалокати афсарон барои қатъи амалиёт дар Африқои Марказӣ сабаб шуда наметавонад. Намоиши эътирозӣ дар Украина Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Дар Украина кормандони мақомоти полис чанд нафар фаъоли иштирокчии тазоҳуротро дар майдони «Истиқлолият»-и шаҳри Киев, ки аслан ҷонибдори шомилшавии кишварашон ба Иттиҳоди Аврупо мебошанд, бо истифода аз воситаҳои гуногун пароканда сохтанд. Новобаста аз тадбирҳои шадиди мақомоти қудратӣ, намоиши эътирозии сокинон дар Украина ҳамоно идома дорад. Рабудани хабарнигорони Испания дар СурияДушанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Музокирот оид ба раҳо кардани хабарнигорони Испания аз ҷониби силоҳбадастон дар Сурия то ҳол натиҷаи мусбат надодааст. Хотиррасон мекунем, ки хабарнигорони Испанияро моҳи сентябри соли равон дар Сурия силоҳбадастони номаълум рабуда буданд. Хабарнигорон то ҳол дар асорат қарор дошта, оид ба раҳо кардани онҳо маълумот дода намешавад. Иштироки 90 кишвар дар маросими видоъ Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Бо вуҷуди боришоти борони пуршиддат дар маросими видоъ бо собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела ҳазорҳо нафар намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони мамлакат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Йоҳаннесбург ҷамъ омаданд. Ба маросим ҳамзамон роҳбарони қариб 90 кишвару созмони ҷамъиятӣ омада буданд. Маросими видоъ бо Нелсон Мандела 3 рўзи дигар дар Африқои Ҷанубӣ идома ёфта, маросими дафни собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ рўзи якшанбе дар зодгоҳаш- деҳаи Куну баргузор мегардад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 11, 2013 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ