Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Бархурдҳои қавмӣ дар Африқои Марказӣ Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ то кунун нооромиҳо ва бархурдҳои қавмӣ идома доранд. Ба гуфти коршиносон эҳтимол чунин вазъият ба сар задани гуруснагӣ дар ин мамлакат боис гардад. Муайян карда шуд, ки дар пайи нооромиҳо 1 миллиону 300 ҳазор нафар сокини Ҷумҳурии Африқои Марказӣ имконияти дастрасӣ ба маводи ғизоиро надоранд. Барои ба эътидол овардани вазъият 1600 низомии Фаронса ва нерўҳои кишварҳои африқоӣ ба мушкилот рў ба рў гардидаанд. Таъсиси ҳукумати нави Олмон Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Пас аз 3 моҳи идомаи гуфтушунидҳо ҳукумати нави Олмон таъсис дода шуд. 17-уми декабри соли 2013 дар ин мамлакат маросими савгандёдкунии аъзои нави ҳукумат баргузор мегардад. Бо мақсади таъсиси ҳукумати ҷадид консерватор Ангела Меркелро зарур омад, ки як силсила пешниҳоди сотсиал-демократҳоро дар соҳаи сиёсиву иҷтимоӣ қабул намояд. Коршиносон таъсиси эътилофро муваффақияти роҳбари ҳизби «Сотсиал-Демократӣ» Зигмар Габриел унвон карданд. Фирори маҳбусон дар Эквадор Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Фирори маҳбусон аз ҳабсхонаҳо вақтҳои охир дар Эквадор бештар ба назар мерасад. Тавре ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат иттилоъ медиҳад, 55 маҳбус баъди дидорбинӣ бо наздикони худ бо истифода аз фориғболии нозирон аз дарвозаи асосии ҳабсхона фирор карданд. Мувофиқи иттилои расида, то ҳол 20 нафар аз маҳбусони фирорӣ боздошт гардидаанд. Бояд гуфт, ки дар байни фирориёни дар озодӣ буда, ҷинояткорони ниҳоят хавфнок низ ҳастанд. Ҷустуҷўи маҳбусони фирорӣ аз ҷониби мақомоти марбута дар Эквадор идома дорад.Шикояти ду шаҳрванди амрикоӣ Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Гўш кардани зангҳои телефонӣ ва назорати муоширати электронии шаҳрвандон аз ҷониби Хадамоти миллии бехатарии Амрико хислати ғайриконститутсионӣ дорад. Мувофиқи иттилои расида, пас аз баррасии шикояти ду шаҳрванд нисбат ба ҳукуматдорон додгоҳи шаҳри Вашингтон ба чунин хулоса омадааст. Ба ақидаи додгоҳ эҳтимол шаҳрвандони шикоятбурда дар мурофиаи судӣ ғолиб оянд. Вазорати адлияи ИМА изҳор доштааст, ки вобаста ба ин қазия омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ идома дорад.Тарҷумаи Иброхими Ҳабибуллоҳ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






