Дар Суғд 6 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд

Декабрь 17, 2013 15:43

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 16 ҳодисаи сўхтор бо хисороти 30 ҳазору 268 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии сўхторҳо 440 метри мураббаъро ташкил дод. Маблағи аз сўхтор эмин дошташуда 812070 сомонӣ мебошад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Аз ин шумора дар вилояти Суғд 6 сӯхтор, дар Хатлон 3 сӯхтор, дар Душанбе 5 сӯхтор ва дар шаҳри Ваҳдат 2 сӯхтор рух додааст.

Декабрь 17, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш